САР ВА САНГ
Сар ба санге мезадам фарёдхон,
Посухам омад шикасти устухон.
Санги сангиндил чӣ медонад, ки мард,
Аз чӣ сар бар санг мекӯбад ба дард?
Ӯ ҳамин санг асту аз сарҳо сар аст,
Санг рӯзи сар шикастан гавҳар аст.
То чунин ҳангомаи санг асту сар,
Қиммати санг аст аз сар бештар.
Рӯзгоро, аз туам миннатпазир,
Гавҳари моро кам аз санге магир.
Ҳар кӣ бо санге зи сӯе тохтаст,
Соя ҳам лаъли диле андохтаст.