Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҲАСАНИ АРОБАКАШ

Ин асари худро ба иди бошарафи 25-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мебахшам. Муаллиф І Пӯшт, машкоб! Бохабар, мардум! Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой! Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ, Хари худро каш аз даруни лой! Бо чунин дӯғу валвала омад Ҳасани ошно аробасавор, Одамонро ба ду тараф ронда, Мегузашт аз миёнаи бозор. Мегузашт аз даруни обу гил, Аз бари чойхонаю дукон, Аз таги бомгӯшаҳои паст, Аз раҳи танг-кӯчаи вайрон. Мекашонид санги дарёро Аз барои кадом деворе, Хонае, кӯчае, саройи наве, Ё барои дигар ягон коре Асп – зотӣ, ароба – қӯқандӣ Баста зангӯлаҳо ба гардани асп… Шӯру ҳангомаро Ҳасан доим Дӯст медошт аз паси ин касб. Дар ҳамон солҳо Душанбеи мо Деҳаи хурди камаҳолӣ буд, Аз тамоми нишонаҳои ҳаёт Солҳои зиёд холӣ буд. Деҳаи ҷабру зулмдидаи халқ Дашти беоб, чӯли бирён дошт, Ба сараш фаслҳои тобистон Шуълаи офтоби сӯзон дошт. Тоқа-тоқа чанорҳои сабз Хизмати одилона мекарданд, Ҷониби мо насими форамро Гоҳ-гоҳе равона мекарданд.