Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад,

Зи баъди мо на ғазал, не қасида мемонад, Зи хомаҳо ду-се ашки чакида мемонад. Чаман ба хотири ваҳшатрамида мемонад, Бисоти ғунча ба домони чида мемонад. Саботи айш кӣ дорад, ки чун пари товус Ҷаҳон ба шӯхии ранги парида мемонад. Шарори собиту сайёра доми фурсати кист? Фалак ба коғази оташрасида мемонад. Куҷо барем ғубори ҷунун, ки саҳро ҳам Зи гирдбод ба домони чида мемонад. Зи ғучаи дили булбул суроғи пайкон гир, Ки шохи гул ба камони кашида мемонад. Ба ғайри айби худам з-ин чаман намонд ба ёд, Гуле ки медамад аз худ, ба дида мемонад. Қадаҳ ба базми ту, ё Раб, сари буридаи кист? Ки шиша ҳам ба гулӯи бурида мемонад. Ғурур оинаи хиҷлат аст пиронро, Камон зи саркашии худ хамида мемонад. Ҳуҷуми файз дар оғӯши нотавониҳост, Шикасти ранг ба субҳи дамида мемонад. Дар ин чаман ба чӣ ваҳшат шикастаӣ доман, Ки меравӣ туву ранги парида мемонад? Ба номи маҳз қаноат кун аз нишони адам, Даҳони ёр ба ҳарфи шунида мемонад. Зи сина гар нафасе бе ту мекашад Бедил, Ба дуди аз дили оташ кашида мемонад.