Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

З-он нашъа, ки қулқул ба лаби шиша давонад,

З-он нашъа, ки қулқул ба лаби шиша давонад, Сад ранг сарири қаламам реша давонад. Чун шамъ агар сӯхт сару барги нигоҳам, Хокистари ман шуъла дар андеша давонад. Аз ишқу ҳавас чора надорам, чӣ тавон кард? Саъйи нафас аст, ин ки ба ҳар пеша давонад. Хору хаси авҳом гирифтаст ҷаҳонро, Ку барқ, ки як реша дар ин беша давонад. Дар сози вафо нохуни тадбири дигар нест, Фарҳод ҳамон бар сари худ теша давонад? Он ҷо ки хаёлат чаманорои ҳузур аст, Мижгон ба сад андози нигаҳ реша давонад. Дар базми ту шамъе ба гудоз омада, вақт аст, Ранге ба рухам ғайрати ҳампеша давонад. Маҳв аст ба хомӯшии мастони нигоҳат, Шӯре ки нафас дар нафаси шиша давонад. Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.