Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

З-ин шишаи соат, ки маҳу сол баровард,

З-ин шишаи соат, ки маҳу сол баровард, Гарди адами фурсати мо бол баровард. Умре зи ҳаё заҳмати авҳом кашидем, Моро хами дӯши мижа ҳаммол баровард. З-ин вазъи парешон, ки арақрез намудем, Оинаи мо об зи ғирбол баровард. Чун обила дар хоки адабгоҳи муҳаббат Бояд сари бегардани помол баровард. Ҷуз хориқи маъкус мадон ришу фаши шайх, Одам харие кард, думу ёл баровард. Бар аҳли ҳаё хурда магиред, ки Мансур Бо гардани дигар сари иқбол баровард. Дар софии дил шубҳаи таҳқиқ ниҳон буд, Чун занг намонд, оина тимсол баровард. Суде ки ман андӯхтам аз ҳеҷматоъӣ, Кам нест, ки аз миннати даллол баровард. Оҳам зи рафиқони сафаркарда суроғест, Аз ҷайби ман ин қофила дунбол баровард. Товуси ман аз боғи ҳузури кӣ хабар ёфт, К-аз ранги ман оина пару бол баровард? Фарёд, ки рози таби ишқат нануҳуфтам, Чун шамъам аз ин доира табхол баровард. То кай ба рақам тоза кунам шикваи аҳбоб? Хушкӣ зи димоғи қаламам нол баровард. Бедил, алам аз маънии нозук натавон шуд, Мӯ чинии моро ҳама ҷо лол баровард.