Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи сахтҷонии ман умр танг мегузарад,

Зи сахтҷонии ман умр танг мегузарад, Шарори ман ба пару боли санг мегузарад. Ҷаҳон зи обилапоёни дил ҷунун дорад, Зи гарди аҷз магӯ, фавҷи ланг мегузарад. Чӣ лағзиш аст рақамзои хомаи фурсат, Ки то шитоб нависӣ, диранг мегузарад. Дар он чаман, ки ба дастат нигор мебанданд, Ғубор агар гузарад, гулбачанг мегузарад. Матоз дар пайи зоҳид ба ваҳми ҳуру қусур,328 Ҳазар, ки қофиласолори банг мегузарад! Уқубат аст садаф то муҳит пеши гуҳар, Дили гирифта зи ҳар кӯча танг мегузарад. Куҷост амн, ки дар марғзори лайлу наҳор Ба ҳар тараф нигарӣ, як паланг мегузарад. Ғубори даҳр ғанимат шумар, ки оина ҳам Зи хеш мегузарад, гар зи занг мегузарад. Ситам ба хеш макун, ранги оҷизон машикан, Пари шикаста зи чандин хаданг мегузарад. Тааммули ту пули корвони ишрати туст, Мижа ба ҳам надиҳӣ, сели ранг мегузарад. Димоғи фақр сазовори лофи ҳавсала нест, Чу баҳр шуд тунук, об аз наҳанг мегузарад. Ҳазор марҳала он сӯи ранг дорад ишқ, Ҳанӯз қофилаҳо аз Фаранг мегузарад. Касе ба дарди дили кас намерасад, Бедил, Ҷаҳони хуфта чӣ миқдор данг мегузарад.