Зи ҳар мӯ домбардӯшам, гирифтор инчунин бояд,
Зи ҳар мӯ домбардӯшам, гирифтор инчунин бояд,
Зи хотирҳо фаромӯшам, сабукбор инчунин бояд.
Ба сар хоки таманно, дар назарҳо гарди ҳайронӣ,
Бинои аҷзи моро сақфу девор инчунин бояд.
Зи оғӯши мижа сар барназад саъйи нигоҳи ман,
Найистони адабро нолаи зор инчунон бояд.
Ману дар хок ғалтидан, туву ҳолам напурсидан,
На ошиқ инчунон зебад, на дилдор инчунин бояд.
Нигаҳ хондам, мижа нам рехт, дил гуфтам, нафас хун шуд,
Ба дарси яъси матлаб аҷзи такрор инчунин бояд.
Зи по наншаст оташ, то нашуд хокистар аҷзояш,
Ба саъйи нестӣ ҳам ғайрати кор инчунин бояд.
Ба сози ғунча натвон баст оҳанги парешонӣ,
Чӣ шуд булбул, ки гӯям, вазъи минқор инчунин бояд?
Ҷунунҳо ханда резад бар сару барги шуури мо,
Агар дил парда бардорад, ки ҳушёр инчунин бояд.
Зи ҳамворӣ нагардад соя бори хотири гарде,
Ба роҳи хоксорӣ тарзи рафтор инчунин бояд.
Муҳаббат чеҳра накшуд аз ҳиҷоби ғафлати имкон,
Ки соҳибдил кам аст ин ҷову бисёр инчунин бояд.
Ҳаво ҳар ҷо барангезад ғубор аз хоки маҳҷурон,
Ҳамин овоз меояд, ки ночор инчунин бояд.
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.