Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи дунё чӣ гирад, агар мард гирад?

Зи дунё чӣ гирад, агар мард гирад? Магар домани ҳиммати фард гирад. Хиҷил меравам аз зиёнгоҳи ҳастӣ, Адам то чӣ аз ман раҳовард гирад? Арақ дорад оина аз шарми рангам, Бигӯ, то гулоб аз гули зард гирад. Абас латмафарсои мавту ҳаётам, Фалак то каям муҳраи нард гирад? Шаби қонеъон аз саҳар меҳаросад, Мабодо, саводи вафо гард гирад! Таносонӣ иқболи бахти сиёҳам, Ҳаё боядам сояпарвард гирад. Ба хокам фурӯ бурд имдоди гардун, Кам аз пост, дасте ки номард гирад. Зи бас яъс дар ҳам шикастаст рангам, Гар оина гирам, дилам дард гирад. Аз ин боғи ибрат наҷӯшид, Бедил, Димоғе, ки бӯйи дили сард гирад.