Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Зи нанги миннати роҳат ба маргам кор меафтад,

Зи нанги миннати роҳат ба маргам кор меафтад, Ҳама гар соя афтад бар сарам, девор меафтад. Димоғи нозуке дорам, ҷароҳатпарвари ишқам, Агар бар бӯйи гул по мениҳам, бар хор меафтад. Ҷунуни худфурӯшӣ баски дорад гармии дуккон, Зи ҳар ҷинс оташе дигар дар ин бозор меафтад. Матоъе ҷуз сабукрӯҳӣ надорад корвони ман, Ҳамин ранг аст, агар бар дӯши шамъам бор меафтад. Мизоҷи нотавонон эмин аст аз офати имкон, Агар бар санг афтад соя, беозор меафтад. Қазо рабте дигар додаст бо ҳам куфру имонро, Зи худ ҳам мерамад, гар субҳа безуннор меафтад. Нахустин саъйи рӯзӣ фикри рӯзихор мебошад, Нигоҳи дона пеш аз реша бар минқор меафтад. Нашояд нуктасанҷонро забон дар ком дуздидан, Наво дар сакта мирад, чун гиреҳ дар тор меафтад. Макун сӯйи фалак мижгон баланд, эй шамъи ноқиспай, Ки зери по саропои ту бо дастор меафтад. Зи як дам туҳмати эҷод расвои қиёмат шав, Ба дӯш ин бор чун бардоштӣ, душвор меафтад. Қафои рафтагон номурда бояд рафт дар гӯрам, Чӣ созам? Хоки ин раҳ бар сарам бисёр меафтад. Ду рӯзе бо ғаму ранҷи ҳаводис сабр кун, Бедил, Ҷаҳон охир чу ашк аз дидаат якбор меафтад.