Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ ФАРИДУН БА ҶАНГИ ЗАҲҲОК

Фаридун ба хуршед - бар бурд сар, Ба кини падар танг басташ камар. Бурун шуд ба шодӣ ба хурдодрӯз, Ба некахтару фоли гетифурӯз. Сипоҳ анҷуман шуд ба даргоҳи ӯй, Ба абр андаромад сари гоҳи ӯй. Ба пилони гарданкашу говмеш Сипаҳро ҳаме тӯша бурданд пеш. Каёнӯшу Пурмоя бар дасти шоҳ Чу кеҳтар бародар варо некхоҳ. Ҳаме рафт манзил ба манзил чу бод, Саре пур зи кина, диле пур зи дод. Расиданд бар тозиёни наванд, Ба ҷое ки яздонпарастон буданд. Даромад дар он ҷои некон фуруд, Фиристод наздики эшон дуруд. Чу шаб тиратар гашт, аз он ҷойгоҳ Хиромон биёмад яке некхоҳ. Фурӯ ҳишта аз мушк то пой мӯй, Ба кирдори ҳури биҳиштиш рӯй. Суруше бад-ӯ омада аз биҳишт, Ки то бозгӯяд бад-ӯ хубу зишт. Сӯи меҳтар омад ба сони парӣ, Ниҳонаш биёмӯхт афсунгарӣ, Ки то бандҳоро бидонад калид, Кушода ба афсун кунад нопадид. Фаридун бидонист, к-он эзадист, На оҳарманиву на кори бадист. Шуд аз шодмонӣ рухаш арғавон, Ки танро ҷавон диду давлат ҷавон. Хуришҳо биёрост холигарон, Яке пок хон аз дари меҳтарон. Чу шуд нӯш хӯрда, шитоб омадаш, Гарон шуд сараш, рои хоб омадаш. Чу он эзадӣ рафтани кори ӯй Бидиданду он бахти бедори ӯй, Бародар сабук ҳарду бархостанд, Табаҳ карданашро биёростанд.