Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Агар маъшуқ бемеҳр асту гар ошиқ вафо дорад,

Агар маъшуқ бемеҳр асту гар ошиқ вафо дорад, Тамошо муфти диданҳо, муҳаббат рангҳо дорад. Шарори коғази мо хандаи дандоннамо дорад, Тарабҳо вақфи бетобӣ, ки оҳанги фано дорад. Ба вомондан накардам қатъи уммеди зи худ рафтан, Шикасти бол агар парвоз кам гардад, садо дорад. Зи бас матлуби ҳар кас бе талаб омода аст ин ҷо, Иҷобат инфиол аз шӯхии дасти дуо дорад. Дар ин маҳфил забунем он қадар аз сустии толеъ, Ки ранги нотавонӣ ҳам шикасти кори мо дорад. Ба сад ҷо карда саъйи норасо манзилтарошиҳо, В-агарна, ҷодаи дашти талаб кай интиҳо дорад? Кӣ мехоҳад тасаллӣ аз ғубори ваҳшатолудам? Ки чун субҳ ин кафе хокистар оташ зери по дорад. Сабаб кам нест, гар барҳам занӣ рабти тааллуқро Чу мижгон ҳар кӣ бархезад зи худ, чандин асо дорад. Ҳақиқатвокаши найранги ҳар созест мизробе, Ту нохун ҷамъ кун, то захми мо бинӣ чиҳо дорад! Ба ҳиҷлат то набояд воми маъзурӣ адо кардан, Намози маҳрамон пеш аз қазо гаштан қазо дорад. Зи ҳирси мунъимон ҳирси гадо ҳам кам мадон, Бедил, Ки хок аз баҳри хӯрдан беш аз оташ иштиҳо дорад.