Бе фақр ошкор нагардад иёри мард,
Бе фақр ошкор нагардад иёри мард,
Бахти сияҳ бувад маҳаки эътибори мард,
Поси виқору садди Сикандар баробар аст,
Ҷуз обрӯ чу теғ нашояд ҳисори мард.
Дунё зи аҳли ҷуд ба худ ноз мекунад,
Зан бева нест, то бувад андар канори мард.
Ҳиммат баланд дор, к-аз асбоби эътибор
Беғайратист, ончи наёяд ба кори мард.
Дар арсае, ки по фишурад ғайрати сабот,
Куҳсорро ба нола насанҷад виқори мард.
По бар ҷаҳони пуч задан нанги ҳиммат аст,
Дар пунбазори ҳез наяфтад шарори мард.
Беш аст азми шер ба гови баландшох,
Бар хасми бесилоҳ далерист ори мард.
Ҷуз синасофӣ оинаи муддао набуд,
Ҳар ҷо намуд ҷавҳари ҷуръат ғубори мард.
Ин ҷо дар оби теғ ба хун ғӯта хӯрдан аст,
Оина то куҷо шавад оинадори мард?
Гандум ба ғайри офати Одам чӣ доштаст?
Ё Раб, ту шакли зан написандӣ дучори мард.
Он ҷо, ки чархи дун кунад имдоди нокасон,
Ҳез аз фишори хуся
барорад димори мард.
Баргаштааст баски дар ин аср таври халқ,
Номардии зане, ки нагардад савори мард.
Бедил, замона душмани арбоби ғайрат аст,
Тарсам, ба дасти ҳез диҳад ихтиёри мард.