Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бе занг дар ин маҳфил оина намебошад,

Бе занг дар ин маҳфил оина намебошад, Он дил ки тиҳӣ бошад аз кина, намебошад. Ҳар ҷилва ки дар пеш аст, гардаш ба қафо дарёб, Фардоии ин олам бе дина намебошад. Маҷнун ба кӣ дил бандад? Ҳасрат ба чӣ пайвандад? Дар кисвати урёнӣ ин пина намебошад. Ҳайф аст, кашад фурсат дарди сари махмурӣ, Дар ҳафтаи майхорон одина намебошад. Як риш ба сад Кавсар арзон накунӣ, зоҳид, Дар чорсуи ҷаннат пашмина намебошад. Ёрон, мижа бардоред, муфт аст фалактозӣ, Ин манзари ҳайратро як зина намебошад. Дар коргаҳи таҷдид якдаст чамансозист, Тақвими баҳор ин ҷо порина намебошад. Ҳар гавҳар аз ин дарё дорад садафи дигар, Дил дар кафи дилдор аст, дар сина намебошад. Гар аҳли сухан, Бедил, сомони ғано хоҳанд, Чун нусхаи ашъорат ганҷина намебошад.