Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба ёдат гардиши рангам ба ҳар ҷо бор мебандад,

Ба ёдат гардиши рангам ба ҳар ҷо бор мебандад, Зи мавҷи гул замин то осмон зуннор мебандад. Чӣ сон хомӯш бошам бе ту, к-аз дарди таманноят Тапиш бар гавҳари оина мусиқор мебандад? Суҷуде мебарам чун соя килки офаринишро, Ки сар то пои ман як ҷабҳаи ҳамвор мебандад. Гирифтам, тоби оғӯшат надорам гардиши чашме, Таманно нақши уммеде ба ин паргор мебандад. Ба қадри гардиши ранг осиёи навбат аст ин ҷо, Ду рӯзе хуни мо ҳам гул ба дасти ёр мебандад. Ба ин тамкини ширин ҳар куҷо аз ноз бархезӣ, Гиреҳ дар найшакар пеши қадат зуннор мебандад. Паёми офият хоҳӣ, зи уммеди нафас бигсил, Надоматнағма сози ибрате, к-ин тор мебандад. Ба номуси ҳаё бояд арақ дар ҷабҳа дуздидан, Зи шабнам гулшани мо рахна бар девор мебандад. Намебошад ҳарифи ҳусни таҳқиқ аз ҳаё ғофил, Шукӯҳи барқи ин водӣ мижа ночор мебандад. Гар аз рангинии бедоди нозат шиква пардозам, Шикасти дил пари товус бар минқор мебандад. Ба ин шавқе, ки ман чун гул ба пероҳан намегунҷам, Сари гирди сарат гардиданам дастор мебандад. Зи нанги ибтизолам об хоҳад сохтан, Бедил, Тааллуқнақш мазмуне, ки дил бисёр мебандад.