Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ЗОБУЛИСТОН

В-аз он ҷойгаҳ шоҳ лашкар биронд, Ба Эрон хиромид, Рустам бимонд. Бад-он то Завора биёяд зи роҳ, Бар ӯ огаҳӣ оварад з-он сипоҳ. Завора биёмад сапедадамон, Сипаҳ ронд Рустам ҳам андар замон. Пас он гаҳ сӯи Зобулистон кашид, Чу огоҳӣ аз вай ба Дастон расид. Ҳама Систон пеш боз омаданд, Ба ранҷу ба дарду гудоз омаданд. Сипаҳ пеши тобут меронданд, Бузургон ба сар хок бифшонданд. Бурида саманди сарафроз дум, Дарида ҳама кӯсу рӯина хум. Чу тобутро дид Дастони Сом, Фуруд омад аз аспи зарринлагом. Таҳамтан пиёда ҳаме рафт пеш, Дарида ҳама ҷома, дил карда реш. Кушоданд гурдон саросар камар, Ҳама пеши тобут бар хок сар, Кушоданд тобути ӯ сар ба зер, Дареғ ончунон номдори далер! Таҳамтан ба зорӣ ба пеши падар Зи тобути зардӯз баркард сар. Бад-ӯ гуфт бингар, ки Соми савор Бад-ин тангтобут хуфтаст зор. Биборид Дастон зи ду дида хун, Бинолид бо довари раҳнамун. Таҳамтан ҳаме гуфт, к-«Эй номдор, Ту рафтиву ман мондаам хору зор.» Ҳаме гуфт Зол ин-т кори шигифт, Ки Сӯҳроб гурзи гарон баргирифт. Нишонӣ шуд андар миёни меҳон, Назояд чун ӯ модар андар ҷаҳон. Ҳаме гуфту мижгон пур аз об кард, Забон пур зи гуфтори Сӯҳроб кард. Чу омад Таҳамтан ба айвони хеш, Хурӯшиду тобут бинҳод пеш.