МАРСИЯ ВА ТАЪРИХ
(Ба вафоти мирзо Сироҷи Ҳаким - 1877 – 1912)
Оҳ, сад оҳ, ки барбаст абадӣ роҳи сафар
Аз Бухоро сӯйи фирдавс яке донишвар.
Ходими миллати ислом, сироҷи дониш,
Ношири илм, ватанхоҳ, маорифпарвар.
Он, ки аз мантиқи ӯ буд маҳофил пурнур,
Он, ки аз хомаи ӯ дошт ҷароид зевар.
Рафту дар маҳфили аҳбоб аз ӯ нест нишон,
Рафту дар сафҳаи айём аз ӯ нест хабар.
Он, ки такмили фунун кард дар айёми шубоб,
Он, ки таҳсили ҳикам кард дар аснои сафар.
Сер нокарда зи дидори худ абнои ватан
Ба ҷавонӣ ба таки хок ватан кард мақар.
Он, ки мекард ба танвири Бухоро хидмат,
Рафт, мондем тамом аҳли Бухоро ба кадар.
Яъне имрӯз супурдем Сироҷиддинро
Ногузирона ба аҳкоми қазо дасти қадар.
Сар зад аз сина аз ин ғам ивази оҳ оташ!
Рехт аз дида ба ин рӯ бадали ашк шарар!
Оташ аз синаи ман дарзада дар пайкари ман,
Об шав ой зи ду чашми ман, эй хуни ҷигар!