Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАСРАТИ ПАРВОЗ

Чанд ёди чаману ҳасрати парвоз кунам? Бишканам ин қафасу болу паре боз кунам. Бас баҳор омаду парвонаву гул маст шуданд, Ман ҳанӯз орзуи фурсати парвоз кунам. Хори ҳасрат занадам захма ба тори дили реш, Чун ҳавои гулу мурғони ҳамовоз кунам. Булбулам, лек чу гул аҳд бибандад бо зоғ, Ман дигар бо чӣ диле лаб ба сухан боз кунам? Сарам, эй моҳ, ба домони навозиш бигузор, То дар оғӯши ту сӯзи ғазале соз кунам. Ба навоям бирасон з-он лаби ширин, ки чу най Шикваҳои шаби ҳиҷрони ту оғоз кунам. Бо дами Исавиям гар бинавозӣ чун ной, Аз дили мурда барорам даму эъҷоз кунам. Бӯса мехостам аз он маҳу хуш механдид, Ки ниёзат бидиҳам охир агар ноз кунам. Соя, хун шуд дилам, азбаски нишастам хомӯш, Хез то қиссаи он сарви сарафроз кунам.