ОГОҲӢ ЁФТАНИ ЗОЛ АЗ МАРГИ НӮЗАР
Ба Густаҳму Тӯс омад ин огаҳӣ,
Ки шуд тира он фарри шоҳаншаҳӣ.
Ба шамшери тез он сари тоҷдор
Ба зорӣ буриданду баргашт кор.
Биканданд мӯю шахуданд рӯй,
Аз Эрон баромад яке ҳою ҳуй.
Сари саркашон гашт пургарду хок,
Ҳама дида хуну ҳама ҷома чок.
Сӯи Зобулистон ниҳоданд рӯй,
Забон шоҳгӯю равон шоҳҷӯй.
Бари Зол рафтанд бо сӯгу дард,
Рухон пур зи хуну сарон пур зи гард.
Ки родо, далеро, шаҳо, Нӯзаро,
Гаво, тоҷдоро, меҳо, доваро!
Нигаҳдори Эрону пушти меҳон
Сари тоҷдорону шоҳи ҷаҳон!
Сарат афсар аз хок ҷӯяд ҳаме,
Замин хуни шоҳон бибӯяд ҳаме.
Гиёҳе ки рӯяд аз он буму бар,
Нагун дорад аз шарми хуршед сар.
Ҳама дод хоҳему зорӣ кунем,
Ба бар ҷомаи сӯгворӣ кунем.
Нажоди Фаридун бад-ӯ зинда буд,
Замин наъли аспи варо банда буд.
Ба хориву зорӣ сарашро зи тан
Буриданд бо номдор анҷуман.
Ҳама теғи заҳробгун баркашем
Ба кин ҷустану душманонро кушем.
Бипӯшед ҷавшан ҳама кинаро,
Бисозед нав кини деринаро.
Ҳамоно бар ин сӯг бо мо сипеҳр
Зи дида фурӯ борадӣ хун ба меҳр.
Шумо низ дида пур аз хун кунед,
Ҳама ҷомаи ноз берун кунед,
Ки бо кини шоҳон нашояд, ки чашм
Набошад пур аз обу дил пур зи хашм.
Ҳама анҷуман зору гирён шуданд,
Чу бар оташи тез бирён шуданд.