Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Бо рафиқе ду, ки доим натавон танҳо буд.
Хоки Шероз чу дебои мунаққаш дидам,
В-он ҳама сурати шоҳид, ки бар он дебо буд.
Порс дар сояи иқболи Атобак эмин,
Лекин аз нолаи мурғони чаман ғавғо буд.
Шаккарин пистадаҳоне ба тафарруҷ бигузашт,
Ки чӣ гӯям, натавон гуфт, ки чун зебо буд.
Яъламуллаҳ, ки шақоиқ на бад-он лутфу суман
На бад-он бӯю санавбар на бад-он боло буд.
Фитнаи Сомирияш дар назари шӯрангез,
Нафаси исавияш дар дар лаби шаккархо буд.
Ман дар андеша, ки бут ё маҳи нав, ё малак аст,
Ёри бутпайкари маҳрӯи малаксимо буд.
Дили Саъдию ҷаҳоне ба даме ғорат кард,
Ҳамчу Наврӯз, ки бар хони малик яғмо буд.