Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас

Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас, Дил андар ҷаҳонофарин банду бас. Макун такя бар мулки дунёву пушт, Ки бисёр кас чун ту парварду кушт. Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок, Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.