БАЛО
Эй дил, ту худ балоӣ, рӯй аз бало магардон,
Тасвир гарчи зишт аст, оинаро магардон.
Бо ишқ чун дарафтӣ, омодаи хатар бош,
Ҳаргиз инони худро аз моҷаро магардон.
Ҳарчанд ошиқонро подош ҷуз ҷафо нест,
Гар ошиқию содиқ, рӯй аз вафо магардон.
Шаҳбози қуллаҳоро дар доми чуғд мапсанд,
Мурғони хушнаворо хунинсадо магардон.
Ҷое, ки Буалиҳо дар зери хок хобанд,
Доно асири нодон бор, эй Худо, магардон.
Бигзор чархи гардун, аз чарх бозмонад,
Бо ашки хун, Худоё, ин осиё магардон.