Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?! Чашми ту баркушояд ҳар дам ҳазор чашм, Зеро Масеҳвор Худо қудраташ бидод! В-он ҷумла чашмҳо шуда ҳайрони чашми ӯ, К-он чашмашон басорати нав аз чӣ роҳ дод?! Гуфтам ба осмон, ки чунин моҳ дидайӣ?! Савганд хӯрду гуфт: “Маро нест ҳеч ёд!”. Акнун бибанд ду лабу он чашм баркушо, Дигар сухан магӯй, агар ҳаст иттиҳод!