Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ТАБОҲ ШУДАНИ РӮЗГОРИ ҶАМШЕД

Аз он пас баромад аз Эрон хурӯш, Падид омад аз ҳар сӯе ҷангу ҷӯш. Сияҳ гашт рахшанда рӯзи сапед, Гусистанд пайванд аз Ҷаммшед, Бар ӯ тира шуд фарраи эзадӣ, Ба кажжӣ гироиду нобихрадӣ. Падид омад аз ҳар сӯе хусраве, Яке номдоре зи ҳар паҳлаве. Сипаҳ кардаву ҷангро сохта, Дил аз меҳри Ҷамшед пардохта. Якояк аз Эрон баромад сипоҳ, Сӯи тозиён баргирифтанд роҳ. Шунуданд, к-он ҷо яке меҳтар аст, Пур аз ҳавл шоҳ, аждаҳопайкар аст. Саворони Эрон ҳама шоҳҷӯй, Ниҳоданд яксар ба Заҳҳок рӯй. Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд, Варо шоҳи Эронзамин хонданд. Каи аждаҳофаш биёмад чу бод, Ба Эронзамин тоҷ бар сар ниҳод. Аз Эрону аз тозиён лашкаре Гузин кард гурдони ҳар кишваре, Сӯи тахти Ҷамшед бинҳод рӯй, Чу ангуштарӣ кард гетӣ бар ӯй. Чу Ҷамшедро бахт шуд кундрав, Ба танг оваридаш ҷаҳондори нав. Бирафту бад-ӯ дод тахту кулоҳ, Бузургиву дайҳиму ганҷу сипоҳ. Ниҳон гашту гетӣ бар ӯ шуд сиёҳ, Супурда ба Заҳҳок тахту кулоҳ. Чу сад солаш андар ҷаҳон кас надид, Зи чашми ҳама мардумон нопадид. Садум сол рӯзе ба дарёи Чин Падид омад он шоҳи нопокдин. Чу Заҳҳокаш овард ногаҳ ба чанг, Якояк надодаш замоне диранг. Ба арра мар ӯро ба ду ним кард, Ҷаҳонро аз ӯ поку бебим кард.