Ҳар сари шаб бо қади хамгашта мегӯяд ҳилол
Сарвро шамшоди қаддаш маҳв чун тасвир кард,
Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард.
Эй дами субҳи қиёмат, ин ҳама таъхир чист?Посихотирдории суҳбат маро дилгир кард.
Ҳар сари маҳ бо сари хамгашта мегӯяд ҳилол:«Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард».
Он камонабрӯ ғазабнок аз сари кӯям гузашт,
Чун ҳадаф лавҳи мазорамро нишони тир кард.
Муҳтасиб мурду суроҳӣ саҷдаҳои шукр кард,
Шишаро аз бода холӣ марги ин бепир кард.
Сайидо, дунёпарастонро нагардад нав либос,
Ҷуғз натвонад ба худ вайронае таъмир кард.