ТАҚВИМИ ҒУРБАТ
Маё, эй боди Наврӯзӣ,
Мазан наштар ба рагҳоям,
Ба васвоси баҳорон аз чӣ андозӣ ба савдоям,
Фазои синаам аз абрҳои ғусса лабрез аст.
Баҳорон рафта аз ёдам,
Ки дар тақвими ғурбат
аз ҳамал то ҳут поиз аст.
Биҳиште доштам рӯзе,
Ки бехи ҳар дарахташ
дасти шайтон оташе афрӯхт
Ва фирдавси маро аз пой то сар сӯхт.
Кунун он ҷо
баҳорон аз танӯри ҷанг меояд,
Ҳавояш бӯи кофуру кафан дорад
Ва дар боғаш қанорӣ нест,
Ки бар ҳар шохае чуғде Ватан дорад.
Ба соқи ҳар дарахташ
ҷои захме аз табар боқист,
Гиёҳашро ба рух ранге,
Ба ҷуз ранги шаҳодат нест,
Фазояшро тароват нест.
Маё, эй боди Наврӯзӣ,
Маро он беҳ, ки аз фасли баҳорон бехабар бошам
Ва бо андешаҳои хеш
сар дар зери пар бошам.
Ман он парбаста мурғи хастаи овора аз боғам,
Ки марги ҳар дарахтеро ҷудо дидам,
Ва сӯги ҳар гулеро навҳа сар додам.
Маро дигар
Ба фасли навбаҳорон,
Ҳеч рағбат нест.
Чаман дар оташу ман шодмон
шарти мурувват нест.