КОРИ КАЙКОВУС БА ШАҲРИ БАРБАРИСТОН ВА ДИГАР ДОСТОНҲО
Разм кардани Ковус бо Шоҳи Ҳомоварон
Зи мӯбад бад-ин гуна дорем ёд,
Ҳам аз гуфти он пири деҳқоннажод,
К-аз он пас чунон кард Ковус рой,
Ки дар подшоҳӣ биҷунбад зи ҷой.
Аз Эрон бишуд то ба Турону Чин,
Гузар кард аз он пас ба Мукронзамин.
Зи Мукрон шуд ороста то зиреҳ,
Миёнҳо надиданд банду гиреҳ.
Бипазруфт ҳар меҳтаре божу сов,
Накард озмун гов бо шер тов.
Чунон ҳам гурозон ба Барбар шуданд,
Ҷаҳонҷӯй бо тоҷу афсар шуданд.
Шаҳи Барбаристон биёрост ҷанг,
Замона дигаргунатар шуд ба ранг.
Сипоҳе биёмад зи Барбар ба разм,
Ки аз лашкари шоҳ бархост базм.
Кас аз хок дасту инонро надид,
Зи гарди сипаҳ пил шуд нопадид.
Ба захм- андар омад ҳаме фавҷ-фавҷ,
Бар он сон, ки бархезад аз об мавҷ.
Чу Гударз гетӣ бар он гуна дид,
Зи кӯҳа амуди гарон баркашид.
Бизад асп бо номдорон ҳазор
Або найзаву тири ҷавшангузор.
Баровехту бидрид қалби сипоҳ,
Дамон аз паси ӯ ҳаме рафт шоҳ.
Ту гуфтӣ ба Барбар саворе намонд,
Ба гирд- андарун найзадоре намонд.
Ба шаҳр- андарун ҳар кӣ буд, солх(в)ард,
Чу баргашта диданд боди набард,
Ҳама пеши Ковусшоҳ омаданд,
Ҷигархаставу узрхоҳ омаданд,
Ки мо шоҳро чокару бандаем,
Ҳамон божро гардан афкандаем.
Чу бо маймана майсара гашт рост,
Хурӯш аз саворони ҷангӣ бихост.
Зи ҳарду сипаҳ бар фалак шуд хурӯш,