Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Нигори сарвқадди гулбадан – ороми ҷони ман,

Нигори сарвқадди гулбадан – ороми ҷони ман, Сиҳисарву суманрухсор шӯхи нуктадони ман, Зи нозу ғамзаи чашми ту ақлу ҳушам аз сар рафт, Агар ҳолам напурсӣ, меравад аз даст ҷони ман. Лабам аз лаъли ҷонбахши ту кай ёбад муроди худ, Ба лаб омад ба ин уммед ҷони нотавони ман. Гумон дорам ба рағми ман ба душман дӯстӣ дорӣ, Маозаллоҳ аз он ҳолат яқин гардад гумони ман. Қади сарват, ки ороми дилу ҷонам аз ӯ бошад, Ба ҷавлон бурд аз ҷон тоқату аз дил тавони ман. Биё, пинҳон тасаллии дили бетоқати ман шав, Наафтад то миёни мардумон рози ниҳони ман. Ба беморӣ фитодам аз ғамат, як бор пурс аз лутф, Ки чун шуд Айнии бечораи бехонумони ман?