ЛАШКАР КАШИДАНИ СИЁВУШ
Баромад хурӯшидани бӯқу кӯс
Биёмад сипаҳбад сарафроз Тус.
Ба даргоҳ-бар анҷуман шуд сипоҳ,
Дари ганҷу динор бикшод шоҳ.
Зи шамшеру гурзу кулоҳу камар,
Ҳамон хӯду диръу синону сипар,
Ба ганҷе ки буд ҷомаи нобурид
Фиристод назди Сиёвуш калид,
Ки бар хону бар хоста кадхудой
Туӣ, соз кун, то чӣ ояд-т рой.
Гузин кард аз он номдорон савор
Далерони ҷангӣ даҳу ду ҳазор.
Ҳам аз паҳлавӣ, порс, кучу балуҷ,
Зи Гелони ҷангиву дашти Саруҷ.
Сипарвар пиёда даҳу ду ҳазор
Гузин кард шоҳ аз дари корзор.
Аз Эрон ҳар он кас, ки гавзода буд,
Далеру хирадманду озода буд.
Ба болову соли Сиёвуш буданд,
Хирадманду бедору хомуш буданд.
Зи гурдони ҷангиву номоварон
Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон.
Ҳамон панҷ мӯбад аз эрониён
Барафрохта ахтари ковиён.
Бифармуд, то ҷумла берун шуданд,
Зи паҳлӯ сӯи дашту ҳомун шуданд.
Ту гуфтӣ, ки андар замин ҷой нест,
Ки бар хоки ӯ наълро пой нест.
Сар андар сипеҳр ахтари ковиён
Чу моҳи дурахшанда андар миён.
Зи паҳлӯ бурун рафт Ковусшоҳ,
Яке тез баргашт гирди сипоҳ.
Сипаҳ дид ороста чун арӯс
Ба пилони ҷангиву овои кӯс.
Яке офарин кард пурмоя кай,
Ки «Эй номдорони фархундапай!
Мабодо ба ҷуз бахт ҳамроҳатон,
Шуда тира дидори бадхоҳатон!