Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ин ки тоқатҳо ҷавонӣ мекунад,

Ин ки тоқатҳо ҷавонӣ мекунад, Нотавонӣ нотавонӣ мекунад. Гар ҳама хок аз замин гардад баланд, Бар сари ман осмонӣ мекунад. Аз чӣ хиҷлат сафҳаам оташ занад, Чун арақ, доғам равонӣ мекунад. Баски фитратҳо заиф афтодааст, Такя бар дунёи фонӣ мекунад. Нест кас ин ҷо кафили ҳеҷ кас, Зиндагӣ рӯзирасонӣ мекунад. Исмат аз ташвиши дунё ҷастан аст, Нафсро ин қаҳба зонӣ 209 мекунад. Дар табутоби нафас парвоз нест, Саъйи бисмил парфишонӣ мекунад. Қайди ҳастӣ поси номуси дил аст, Байзадорӣ ошёнӣ мекунад. Ҳар киро дидам дар ин ибратсаро, Баҳри мурдан зиндагонӣ мекунад. Бедимоғам, ғайри дил з-ин анҷуман Ҳар чӣ бардорам, гаронӣ мекунад. Он қадар аз худ ба ёдаш рафтаам, К-ин ҷаҳонам онҷаҳонӣ мекунад. Ҳеҷ медонӣ кием, эй бехабар, Шоҳ моро посбонӣ мекунад. Фурсати умр аст, Бедил, назми ман, Сакта мехонам, равонӣ мекунад.