Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ТОХТ КАРДАНИ ШАМОСОС ВА ХАЗАРВОН БА ЗОБУЛИСТОН

Сипоҳе, ки аз шаҳри Армон шуданд, Ба кина сӯи Зобулистон шуданд. Шамосос, к-аз пеши Ҷайҳун бирафт, Сӯи Систон рӯй бинҳод тафт. Хазарвон або теғзан сӣ ҳазор Зи туркон бузургони ханҷаргузор Бирафтанд бедор то Ҳирманд Або теғу бо гурзу бахти баланд. Зи баҳри падар Зол бо сӯгу дард, Ба гӯроба - андар ҳаме дахма кард. Ба шаҳр - андарун гурд Меҳроб буд, Ки равшанравон буду бехоб буд. Фиристодае омад аз назди ӯй, Ба сӯи Шамосос бинҳод рӯй. Ба пеши саропарда омад фуруд, Зи Меҳроб додаш фаровон дуруд, Ки бедордил шоҳи туронсипоҳ, Бимонод то ҷовидон бо кулоҳ! Зи Заҳҳоки тозист моро нажод, Бад-ин подшоҳӣ наям сахт шод. Ба пайвастагӣ ҷон харидам ҳаме, Ҷуз ин нест чора, надидам ҳаме. Кунун ин сарои нишасти ман аст, Ҳама Зобулистон ба дасти ман аст. Аз эдар, ки Дастон бишуд сӯгвор Зи баҳри сутудони Соми савор, Дилам шодмон шуд ба тимори ӯй, Бар онам, ки ҳаргиз набинам-ш рӯй. Замон хоҳам аз номвар паҳлавон, Бад-он то фиристам ҳаюне дамон. Яке марди бинодили пуршитоб Фиристам ба наздики Афросиёб. Магар к-аз ниҳони ман огаҳ шавад, Суханҳои гӯянда кӯтаҳ шавад. Нисоре фиристам, чунон чун сазост, Ҷуз ин нест, ҳар ч-аз дари подшост. Гар эдун, ки гӯяд, ки назди ман ой, Ҷуз аз пеши тахташ набошам ба пой.