БАХШИ ҶОНИ СУДОБА ХОСТАНИ СИЁВУШ АЗ ПАДАР
Чаҳорум ба тахти каӣ барнишаст,
Яке гурзаи говпайкар ба даст.
Барошуфту Судобаро пеш хонд,
Гузашта суханҳо бад-ӯ боз ронд.
Ки «Бешармиву бад касе кардаӣ,
Фаровон дили ман биёзурдаӣ.
Чӣ бозӣ намудӣ ба фарҷоми кор,
Ки бар ҷони фарзанди ман зинҳор
Бихӯрдиву дар оташ андохтӣ,
Бад-ин гуна-бар ҷодуӣ сохтӣ.
Набояд туро пӯзиш акнун ба кор,
Бипардоз ҷою баророй кор.
Нашояд, ки бошӣ ту андар замин,
Ҷуз овехтан нест подоши ин.»
Бад-ӯ гуфт Судоба, к-«Эй шаҳрёр,
Ту оташ бар ин тораки ман мабор.
Маро гар ҳаме сар бубояд бурид,
Мукофот ин буд, ки бар ман расид.
Бифармову ман дил ниҳодам бар ин,
Нахоҳам, ки бошад дилат пур зи кин.
Сиёвуш сухан рост гӯяд ҳаме,
Дили шоҳ з-оташ бишӯяд ҳаме.
Ҳама ҷодуӣ зол кард андар ин
Набуд оташи тез бо ӯ ба кин.»
Бад-ӯ гуфт: «Найранг созӣ ҳанӯз
Нагардад ҳаме пушти шӯхит кӯз.»
Ба эрониён гуфт шоҳи ҷавон:
«Аз ин бад, ки ӯ сохт андар ниҳон,
Чӣ созам? Чӣ бошад мукофоти ин?»
Ҳама шоҳро хонданд офарин,
Ки подоши ин он ки беҷон шавад,
Зи бад кардани хеш печон шавад.
Ба дижхим фармуд, к-«Инро ба кӯй
Зи дор андаровезу бартоб рӯй».
Чу Судобаро рӯй баргоштанд,
Шабистон ҳама наъра бардоштанд.
Дили шоҳ Ковус пурдард шуд,
Ниҳон дошт, ранги рухаш зард шуд.