Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Соқӣ, з-он май, ки мечариданд

Соқӣ, з-он май, ки мечариданд, Бифзой, ки ёракон расиданд! Миҳмон бифузуд, май бияфзо З-он хунб, ки авлиё чашиданд! З-он май, ки зи бӯ-ш ҷумла абдол Дар халқ падиду нопадиданд! Ай соқии хуб, шукри Аллоҳ, К-он рӯйи накӯтро бидиданд! Ай оташи рахтсӯз, ушшоқ Дар ишқи ту рахтҳо кашиданд! Ай пардафурӯкашида, бингар, К-аз ишқ чӣ пардаҳо дариданд!
Соқӣ, з-он май, ки мечариданд | Шоирон