БО ЧАШМИ ТУ
Обрӯи ишқро чашми ту бардорад баланд,
Фитнаи ағёрро мардона нанмояд писанд.
Чашмро, эй ҷони ман, аз сӯи ман ҳаргиз макан,
Чунки дорад ҳар нигоҳи дӯст як дунёи панд.
Чашми алмосии ту дар шишаи дил кора кард,
Зиндагии талху ширини маро наззора кард.
Хост гирад пеши чашмам пардаи абри ғурур,
Чашми бинои ту мисли барқ онро пора кард.
Бе сухан бо чашми ман чашми ту дорад гуфтугӯ,
Гардад огаҳ, гар дилам ҷунбад зи ҷо як қадри мӯ.
Дар бадан хуни маро чашми ту меорад ба ҷӯш,
Чун мае, ки солҳо хобида бошад дар сабӯ.
Хешро месанҷам аз сар то ба по бо чашми ту,
То намоям сафҳаи дил пурсафо бо чашми ту.
Ноаён мемонд дар чашмони ман нуқсони ман,
Кардам онро ошкоро, дилбаро, бо чашми ту.