Ту паризода, надонам, зи куҷо меоӣ
Ту паризода, надонам, зи куҷо меоӣ,
К-одамизода набошад ба чунин зебоӣ.
Рост хоҳӣ, на ҳалол аст, ки пинҳон доранд
Мисли ин рӯю нашояд, ки ба кас бинмоӣ.
Сарв бо қомати зебои ту дар маҷлиси боғ
Натавонад, ки кунад даъвии ҳамболоӣ.
Дар саропои вуҷудат ҳунаре нест, ки нест,
Айбат он аст, ки бар банда намебахшоӣ.
Ба Худо бар ту, ки хуни мани бечора марез,
Ки ман он қадр надорам, ки ту даст олоӣ.
Бе рухат чашм надорам, ки ҷаҳоне бинам,
Ба ду чашмат, ки зи чашмам марав, эй зебоӣ!
На маро ҳасрати ҷоҳ асту на надешаи мол,
Ҳама асбоб муҳайёст, ту дармебоӣ.
Бар ман аз дасти ту чандон ки ҷафо меояд,
Хуштару хубтар андар назарам меоӣ.
Дигаре нест, ки меҳри ту дар ӯ шояд баст,
Чора баъд аз ту надонем, ба ҷуз танҳоӣ.
В-ар ба хорӣ зи дари хеш биронӣ моро,
Ҳамчунон шукр кунемат, ки азизи моӣ.
Ман аз ин дар ба ҷафо рӯй нахоҳам печид,
Гар бибандӣ ту ба рӯи ману гар бикшоӣ.
Чӣ кунад доъии давлат, ки қабулаш накунанд,
Мо ҳарисем ба хидмат, ту намефармоӣ.
Саъдиё, духтари анфоси ту бас дил бибарад,
Ба чунин зевари маънӣ, ки ту меороӣ.