КОРИСТОН
I
Дар дили ман ду лашкари ҷаррор
Байни ҳам ҷангу шӯрише доранд.
Ҳар кадоме барои матлаби хеш
Гирудору кашокаше доранд.
Он яке ғолибу дигар мағлуб,
Он яке душман асту дигар дӯст.
Гоҳ шайтон яке, дигар раҳмон,
Гаҳ як Аҳриману дигар Ҳурмузд.
Он яке некбин, дигар навмед,
Инаш ором, онаш исёнкор.
Гар яке ҳар замон кунад обод,
Дигаре доимост вайронкор.
Дар ниҳодам ду дил тапад доим,
Байни онҳо ягон муросо нест.
Дар яке аҷз, дар дигар уммед,
Дар дили ман тазоди якумрист.
Он яке доимост заҳматкаш,
Дигаре нозиру тамошогар.
Он яке ҳар нафас кашад ташвиш,
Дигаре беғам асту бемазҳар.
Синаи ман набардгаҳ бошад,
Андар он ҷангу оштиҳоест.
Он чунон ки миёни олимҳо
Баҳсҳо дар сари муаммоест.
Дар сириштам ду неруи носоз
Байни ҳам ҳарбу зарбҳо доранд.
З-ин задухурди беамон ҳар дам
Ҳастиямро ба нестӣ оранд.
Хоҳам аз хештан раҳо бишавам,
Бо мане баднишон даровезам.
Ҳар чи коре кунам, наёрад суд,
Аз худ охир чӣ гуна бигрезам?!
Дар ҷаҳони такодаву таъҷил
Ҳар як одам чу оламе будаст.
Ибтидои накӯиву зиштӣ
Дар сиришти ҳар одаме будаст.
Охири ҷанги музмари моро