Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПУРСИДАНИ КОВУС КОРИ БАЧЧАГОНРО

Аз он пас нигаҳ кард Ковусшоҳ Касеро, ки кардӣ ба ахтар нигоҳ, Биҷусту зи Эрон бари хеш хонд, Бипурсиду бар тахти заррин нишонд. Зи Судобаву разми Ҳомоварон Сухан рафт ҳар гуна бо меҳтарон. Бад-он то шаванд огаҳ аз кори ӯй, Ба дониш бидонанд кирдори ӯй. В-аз он кӯдакон низ бисёр гуфт, Ҳаме дошт пӯшида андар нуҳуфт. Ҳама зиҷу суллоб бардоштанд. Бад - он кор як ҳафта бигзоштанд. Саранҷом гуфтанд, к-ин кай бувад, Ба ҷоме, ки заҳр оганӣ, май бувад? Ду кӯдак зи пушти касе дигаранд, На аз пушти шоҳанду з-ин модаранд. Гар аз гавҳари шаҳрёрон будӣ, Аз ин зиҷҳо ҷустан осон будӣ, На пайдост розаш дар ин осмон На андар замин ин шигифтӣ, бидон. Нишони бадандеш, нопокзан Бигуфтанд бо шоҳу бо анҷуман. Бинолид Судобаву дод хост, Зи шоҳи ҷаҳондор фарёд хост. Ҳаме гуфт: «Ҳамдостонам зи шоҳ Ба захму ба афкандан аз тахтгоҳ. Зи фарзанди кушта бипечад дилам, Замон то замон ҷон зи тан бугсилам». Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй зан, ором гир! Чи гӯӣ суханҳои нодилпазир?» Ҳама рӯзбонони даргоҳ шоҳ Бифармуд, то баргирифтанд роҳ. Ҳама шаҳру барзан ба пой оваранд, Зани бадкунишро ба ҷой оваранд. Ба наздикӣ- андар нишон ёфтанд, Ҷаҳондидагон тез биштофанд. Кашиданд бадбахт занро ба роҳ, Ба хорӣ бибурданд наздики шоҳ.