Чун оина чандон ба бараш танг гирифтам,
Чун оина чандон ба бараш танг гирифтам,
К-аз хеш бурун омадаму ранг гирифтам.
Номе ки надорам, ҳаваси нақши нигин дошт,
Домони хаёле ба таҳи санг гирифтам.
Аҷзи талабам гашт инонтоби нигоҳаш,
Зеҳ
бар рами оҳу зи таки ланг гирифтам.
Чун ғунча, шабам лахти диле дар назар омад,
Домони ту пиндоштаму танг гирифтам.
Халқе дари номус заду доғи ҷунун бурд,
Ман низ, гирифтам, ки раҳи нанг гирифтам.
Хиҷлаткаши худсозиям аз худшиканиҳо,
Накшуда дари сулҳ раҳи ҷанг гирифтам.
Гар чарх насанҷид ба мизони виқорам,
Ман низ ба ҳиммат ками ин санг гирифтам.
Дар тарки тааллуқ чӣ қадар нозу ғано буд,
Бар ҳар чӣ ҳавас пой зад, авранг
гирифтам.
То гарм кунам бистари амне, ки надорам,
Чун субҳ, нафас зери пари ранг гирифтам.
Бедил, нафас охир варақи оина гардонд,
Силӣ ба таҳайюр задаму ранг гирифтам.