Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ НАЗДИ СИЁВУШ

Биёвард Гарсеваз он хоста, Ки рӯи замин з-он шуд ороста. Дамон то лаби рӯди Ҷайҳун расид, Зи гурдон фиристодае баргузид. Бад-он то расонад ба шоҳ огаҳӣ, Ки Гарсеваз омад або фарраҳӣ. Ба киштӣ ба як рӯз бугзошт об, Биёмад сӯи Балх ҳам даршитоб. Фиристода омад ба наздики шоҳ, Бигуфташ, ки Гарсеваз омад зи роҳ. Сиёвуш гави пилтанро бихонд, В-аз ин достон чанд гуна биронд. Чу Гарсеваз омад ба наздики шоҳ, Бифармуд, то баркушуданд роҳ. Сиёвуш варо диду бар пой хост, Бихандид бисёру пӯзиш бихост. Бибӯсид Гарсеваз аз дур хок, Рухаш пур зи шарму дилаш пур зи бок. Сиёвахш биншондаш зери тахт, Зи Афросиёбаш бипурсид сахт. Чу биншаст Гарсевазу гоҳи нав Бидиду сару афсару шоҳи нав, Ба Рустам чунин гуфт, к-«Афросиёб Чу аз ту хабар ёфт, андар шитоб Яке ёдгоре ба наздики шоҳ Фиристода будаст бо ман ба роҳ.» Бифармуд, то ҳадя бардоштанд, Ба пеши Сиёвахш бугзоштанд. Зи дарвозаи шаҳр то боргоҳ Дирам буду аспу ғулому сипоҳ. Кас андоза нашнохт онро, ки чанд Зи динору аз тоҷу тахти баланд. Ғуломон ҳама бокулоҳу камар, Парастанда бо ёраву тавқи зар. Писанд омадаш сахту букшод рӯй, Нигаҳ карду бишнид гуфтори ӯй. Таҳамтан бад-ӯ гуфт: «Як ҳафта шод Бибошем, то посух орем ёд.