Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

То ошиқи он ёрам, бекораму баркорам

То ошиқи он ёрам, бекораму баркорам, Саргаштаву побарҷо монандаи паргорам! Монандаи Миррихе бо моҳу фалак хашмам В-аз чархи кулаҳзаррин дар нангаму дар орам! Гар хеши манӣ, ёро, мебин, ки чи бехешам?! З-асрор чи мепурсӣ, чун шуҳраву изҳорам! Ҷуз хуни дили ошиқ он шер наёшомад, Ман зодаи он шерам, дилҷӯяму хунхорам! Ранҷураму медонӣ, ҳам фотиҳа мехонӣ, Ай дӯст намебинӣ, к-аз фотиҳа беморам! Ҳаллоҷи ишорат, гӯ, аз халқ ба дор омад, В-аз тундии исрорам Ҳаллоҷ занад дорам?! Иқрор макун, хоҷа, ман бо ту намегӯям, Ман мурда намешӯям, ман хора намехорам! Ай мункири махдумнӣ Шамсулҳақи Табрезӣ, З-иқрори чу ту кӯре безораму безорам!