Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ПАЯМБАРОНИ КОЗИБ

Мардакеро назди Ҳорунаррашид Шаҳна басту бурд, Ҳорунаш чу дид. Гуфт: Бикшо дастҳояш, кист ин? Шаҳна гуфто: Марди саҳроист ин. Бо халоиқ рост гӯяд ин фузул, Ки манам баъд аз Расулуллоҳ расул. Иддао дорад, ки ӯ пайғамбар аст, Уммати гумроҳро ӯ раҳбар аст. Гӯяд: Аз назди Худои зулминан, Ҷабраил ҳаррӯз ояд сӯйи ман. То нагардад зеҳни кас торик аз ӯ, Каш-кашон овардамаш наздики ту. Сарнавишти ӯ кунун дар дасти туст, Эй Халифа, ҳар чӣ фармоӣ накӯст. Аз саропои расули ношинос, В-аз лабони хушку аз рӯи либос. Шуд мусаллам бар Халифа, к-ин ғариб, Мондааст аз хони неъмат бенасиб. Фақр боли ақли ӯро бастааст, Фоқагӣ шояд димоғаш хастааст. Гуфт: Ӯро ҷомаву дирҳам диҳед, Дар ҳамоме шустушӯяш ҳам диҳед. Вогузоредаш, ки ин ҷо сарбаланд, Муддатеро бигзаронад бегазанд. Дар канори матбахаш маъво диҳед, Ҳам кабоби мурғу ҳам ҳалво диҳед. Ғарқ шуд чун мард андар нозу нӯш, Шуд аз он беҳудагӯиҳо хамӯш. Рафт аз ёдаш Худову Ҷабраил, Дигар аз вай барнаёмад қолу қил. Як саҳар дар қаср дидаш чун амир, Ёдаш омад достони он ҳақир. Таъна зад, пурсид, к-аз Ҳаййи маҷид, Эй паямбар, ояе оё расид? Боз гӯ, то бишнавам Яздон чӣ гуфт? Дар ҳақи мо Холиқи субҳон чӣ гуфт? Гуфт: Оре, эй амири арҷманд, Эзадат маҳфуз дорад аз газанд.