Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ОЗОД

Нест як лаҳза, ки аз хотири ношод равӣ, Ба чӣ машғул кунам, дида, ки аз ёд равӣ? Ҷодаи умр пур аз сангу ту побанди ҳавас, Бигсал ин банд зи по то чу ман озод равӣ. Реша дар хок макун, нагҳати гул бошу насим, То аз ин боғ сабукболтар аз бод равӣ. Бар сари хоки ман, о, мӯъҷизаи ишқ нигар, Ки ғамин оию аз турбати ман шод равӣ. Ту пур аз боди ғурурию ҷаҳон дунпарвар, Тарсам, эй сар, ки дар ин фоҷиа барбод равӣ.