ОМАДАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ САМАНГОН
Чу наздики шаҳри Самангон расид,
Хабар з-ӯ ба шоҳу бузургон расид,
Ки омад пиёда гави тоҷбахш,
Ба нахчиргаҳ з-ӯ рамидаст Рахш.
Пазира шудандаш бузургони шоҳ,
Касе к-ӯ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин Рустам аст,
Ва ё офтоби сапедадам аст?
Пиёда бишуд пеши ӯ зуд шоҳ,
Бар ӯ анҷуман шуд фаровон сипоҳ.
Бад-ӯ гуфт шоҳи Самангон: «Чӣ буд?
Кӣ ёраст бо ту набард озмуд?
Дар ин шаҳр мо некхоҳи туем,
Ситода ба фармону роҳи туем.
Тану хоста зери фармони туст,
Сари арҷмандону ҷон они туст.»
Чу Рустам ба гуфтори ӯ бингарад,
Зи дил бадгумониш кӯтоҳ дид.
Бад-ӯ гуфт: «Рахшам бад-ин марғзор
Зи ман дур шуд бе лагому фисор.
Кунун то Самангон нишони пай аст,
Аз он сӯ куҷо ҷӯйбору най аст.
Туро бошад ар боз ҷӯӣ сипос,
Биёбӣ ту подоши некӣ шинос.
Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.
Паи Рахш бардошт, раҳ баргирифт,
Бас андешаҳо дар дил-андар гирифт.
В-ар эдун, ки Рахшам наёяд падид,
Саронро басе сар бихоҳам бурид.»
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй сарафроз мард,
Наёрад касе бо ту ин кор кард.
Ту меҳмони ман бошу тундӣ макун,
Ба коми ту гардад саросар сухун.
Як имшаб ба май шод дорем дил,
В-аз андеша озод дорем дил,
Ки тундиву тезӣ наёяд ба кор,
Ба нармӣ барояд зи сӯрох мор.