ЁДГОРҲО ВА ЁДБУДҲО
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме
Рӯдакӣ
Шаб магар шуш сояи гесӯи ӯ,
К-инчунин ошуфта шуд бар рӯи ӯ?
Оҳ, гум шуд рӯи ӯ дар чашми ман,
Боз дил ошуфта шуд чун мӯи ӯ.
Ҳар чӣ меҷӯям, намеёбам нишон,
Аз фурӯғи чеҳраи дилҷӯи ӯ.
Гум шудам дар ин шаби торику боз
Медавад чашму дили ман сӯи ӯ.
Гарчи ӯ дигар зи дастам рафт, ҳаст
Ёдгори ӯ, ки дорад бӯи ӯ.
Номае, мӯе, гули пажмурдае,
Ёдгори ишқи зудафсурдае.
Номаашро бӯи ҷон ояд ҳанӯз,
Ҷону дилро з-ӯ тавон ояд ҳанӯз.
Чун кушоям номаи он дилситон,
Бӯи ишқи дилситон ояд ҳанӯз.
Дил ҳанӯз аз номааш ҷӯяд умед,
З-он ки бӯиишқ аз он ояд ҳанӯз.
Ваҳ, ки аз он риштаи гулҳои ёс,
Бӯи он номеҳрубон ояд ҳанӯз.
Ваҳ, ки аз он тори мӯи нозанин,
Ёди он ороми ҷон ояд ҳанӯз.
Ёди он паймоншикан хуш, ёд аз ӯ
Ёди ӯ хуш, гарчи дорам дод аз ӯ.
Ёди он фархунда шабҳои Хазар,
Ёди он шабҳои зебои Хазар.
Ёди он шабҳо, ки бо ӯ доштам,
Шабравиҳо рӯи дарёи Хазар.
Обҳо, пиндоштӣ, симоб буд,
Ваҳ, чӣ зебо буд симои Хазар.
Мавҷ меғалтид зери пои мо,
Моҳ метобид болои Хазар.
Дасти ӯ дар дасти ман, шодикунон
Буд саргарми тамошои Хазар.
Эй дарег, он навбаҳорон, ёд бод!
Ёд бод, он рӯзгорон, ёд бод!