Қади хамида надорад ба ғайри нола ҳузур,
Қади хамида надорад ба ғайри нола ҳузур,
Ки нест хонаи занҷир бе садо маъмур.
Вуҷуди орият оинадори таслим аст,
Махоҳ ғайри хамидан зи пайкари муздур.
Муҳит фоли ҳубобе назад зи ҳастии ман,
Намояд оинаамро магар сароб аз дур.
Ба ёди ҷилва қаноат куну фузул мабош,
Ки сахт оинасӯз аст ҳусни хилвати Тур.
Ниқоби маънии матлуб аз талаб во кард
Қадаҳ дамондани хамёза бар лаби махмур.
Шаҳи сарири яқин шуд, касе ки чун Ҳаллоҷ
Фарошт аз алами дор рояти Мансур.
Дар ин ҷунункада ҳайраттирози ибратҳост
Камоли боқии ёрон ба дастгоҳи қусур.
Гузир нест ба зери фалак зи шодию ғам,
Ба нӯшу неш муҳайёст хонаи занбур.
Сафоли хеш ғанимат шумар, ки муддатҳост,
Шикаст чинию мӯ рехт аз сари фағфур.
Даро ба мулки қаноат, ки мехаранд он ҷо
Ғубори шавкати Ҷам сурмавори дидаи мӯр.
Ба чашми ибрат агар бингарӣ, чӣ хоҳӣ дид
Зи ҷома ҷуз кафан, аз хонаҳо ба ғайри қубур?
Агар на кӯрии ғафлат фушурда мижгонат,
Кушоди чашм мадон ҷуз табассуми лаби гӯр.
Гувоҳи ғафлати офоқ касби огоҳист,
Ҳамон хуш аст, ки бошад ба хоб дидаи кӯр.
Забон зи ҳарфи хато маҳви ком беҳ, Бедил,
Ба ҳарза чанд кашӣ даст аз остини шуур?