КАМАНДИ МЕҲР
Чу шабравони саросема гирди хона магард,
Ту худ баҳонаи хешӣ, паи баҳона магард.
Ту нури дидаи моӣ, ба ҷои хеш дарой,
Чунин чу сардуми бегона гирди хона магард.
Туӣ, ки хонахудоӣ, биёву худро бош,
Буруни дар манишину бар остона магард.
Замона гашту дигар бар мадори бемеҳрист,
Ту бар мадори дил аз меҳру чун замона магард.
Чу тир гузаштӣ зи ҳафт пардаи чашм,
Кунун, ки дар буни ҷонӣ паи нишона магард.
Ба ҳуш бош, ки ҳар нуқта доми доираест,
Ту дар ҳавои раҳоӣ дар ин миёна магард.
Каманди меҳр накарди зи гесӯвони баланд,
Дигар ба гирди сари ман чу тозиёна магард.
Ту шеъри гумшудаи Сояӣ, шинохтамат,
Ба сояравшани маҳтоб хомӯшона магард.