Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз лаби хомуш забон вомондаи ком асту бас,

Аз лаби хомуш забон вомондаи ком асту бас, Бол аз парвоз чун монд, ошён дом асту бас. Маркази тасхири дил ҷуз дида натвон ёфтан, Гӯши мино ҳалқае гар дорад, он ҷом асту бас. То нафас боқист, натвон баст боли эҳтиёҷ, Ин ғаноҳое,ки мо дорем, ибром асту бас. Аз нишони Каъбаи мақсуд огаҳ нестам, Ин қадар донам, ки ҳастӣ сози эҳром асту бас. Водии имкон надорад дастгоҳи ваҳшатам, Ҳар тараф ҷавлон кунад наззора, як гом асту бас. Бастааст аз мӯйи чинӣ суратам наққоши сунъ, Субҳи эҷодам ҳамон гул кардани шом асту бас. Дастгоҳи мовуман чун субҳ бар боди фаност, Саҳни ин кошонаҳо яксар лаби бом асту бас. Кош, аз хиҷлат шарорам барнамеомад зи санг, Сӯхтам аз шарми оғозе ки анҷом асту бас. Бар пари анқо ту ҳар ранге ки мехоҳӣ, бибанд, Сурати оинаи ҳастӣ ҳамин ном асту бас. Беш аз ин натвон ба афсуни муҳаббат зистан, Доғам аз андешаи васле, ки пайғом асту бас. Пухтагӣ деги суханро боз медорад зи ҷӯш, То хамӯшӣ нест, Бедил, муддао хом асту бас.