Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд
Яке яҳуду мусалмон низоъ мекарданд,
Чунонки ханда гирифт аз ҳадиси эшонам.
Ба тайра гуфт мусалмон: «Гар ин қаболаи ман,
Дуруст нест, Худоё, яҳуд миронам!»
Яҳуд гуфт: «Ба Таврит мехурам савганд,
В-агар хилоф кунам, ҳамчу ту мусалмонам!»
Гар аз басити замин ақл мунъадим гардад,
Ба худ гумон мабарад ҳич кас, ки нодонам!