Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад, Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад. Ғафлат баҳонамуштоқ, хобат фасонамоил, Бар дида сахт зулмест, гар гӯш кар набошад. Ифшои рози улфат бар шарм вогузоред, Накшояд ин гиреҳро, дасте ки тар набошад. Бар осмон расидем, рози дарун надидем, Ин ҳалқа шубҳа дорад, беруни дар набошад? Халқу ҳазор савдо, мову ҷунуну даште, К-он ҷо зи бекасиҳо хоке ба сар набошад. Чини кудурате ҳаст бар ҷабҳаи нигинҳо, Таҳсили номдорӣ бе дарди сар набошад. Имрӯз қадри ҳар кас миқдори молу ҷоҳ аст, Одам наметавон гуфт онро, ки хар набошад. Дар ёди домани ӯ моему дил тапидан, Мушти ғубори моро шуғли дигар набошад. Нақди ҳубоб то кай дар кисаи таваҳҳум? Оҳе ки мо надорем, гӯ, дар ҷигар набошад. Он беҳ, ки барқи ғайрат бунёди мо бисӯзад, Оинаему моро тоби назар набошад. Пайдост аз надомат узри заифии мо, Шабнам чӣ вонамояд, гар чашми тар набошад? Гардонда гир, Бедил, авроқи нусхаи ваҳм,324 Фурсат баҳори ранг аст, ранг он қадар набошад.
Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад, | Шоирон