Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дунтабъ қадраш аз ҳавас афзун намешавад,

Дунтабъ қадраш аз ҳавас афзун намешавад, Хоки бабодтохта гардун намешавад. Дил хун кунеду соғари ранги вафо занед, Барги тараб ба ҷомаи гулгун намешавад. Ҷое ки ишқ мумтаҳани дарди улфат аст, Оҳ аз ситамкаше, ки дилаш хун намешавад! Бигзор, то зи хоки сияҳ сурмааш кашанд, Чашме ки маҳви санъати бечун намешавад. Дар табъи халқ васвасаи эътиборҳо Хорест нохалида, ки берун намешавад. Бебаҳраро зи мояи имдоди кас чӣ суд? Дарё ҳарифи косаи ворун намешавад. Бе посбон ба хок фурӯ рафта ганҷи зар, Пур ғофил аст хоҷа, ки Қорун намешавад. Гул ёди ғунча мекунаду сина медарад, Рафт, он ки ҷамъ мешудам, акнун намешавад. Бетоби ишқро зи дару дашт чора нест, Лайлихаёли мо зи чӣ Маҷнун намешавад? Дил бар баҳори нози ҳино дӯхтаст чашм, То бӯса бар кафат надиҳад, хун намешавад. Бедил, тааммул ин ҳама натвон ба кор бурд, К-аз ҷӯши сакта шеъри ту мавзун намешавад.