Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дӯстон, афсурд дил, чанде ба оҳаш хун кунед,

Дӯстон, афсурд дил, чанде ба оҳаш хун кунед, Камталошӣ нест, гар ин сактаро мавзун кунед. Зиндагиро сафҳаи иншои қудрат кардаанд, То нафас пар мезанад, тафсири кофу нун кунед. Ҳар чӣ дорад олами ахлоқ, бе исор нест, Даст бисёр аст, агар аз остин берун кунед. Мунъимон, то чанд бояд зар ба зери хок бурд? Ҳайфи ҳимматҳо, ки сарфи хидмати Қорун кунед. Қайди гардун нанги доноист, гар фаҳмад касе, Хешро з-ин хум бурун ореду Афлотун кунед. Олам аз рашки қаноатмашрабон хун мехурад, Аз маоши қатрагӣ ҷо танг бар Ҷайҳун кунед. Табъи саркашро ба ҳамворӣ расондан кор нест, Сар намегардад ҷабин, гар кӯҳро ҳомун кунед. Майкашон, гар бодапаймоист манзури давом, Давр бармегардад, охир, косаҳо ворун кунед. Зиндагӣ саҳл аст, поси шарм бояд доштан, Ҷуз арақ з-ин чашма ҳар обе ки ҷӯшад, хун кунед. Кош савдое ба доди ҳарзафикриҳо расад, Бедимоғи фитратам, банге дар ин маъҷун кунед. Сӯхт доғи бекасӣ дар офтоби маҳшарам, Сояе бар фарқам аз мӯи сари Маҷнун кунед. Ҳастии ман нест қонеъ бо ҳисоби нестӣ, Ҷуз адам як сифри дигар бар сарам афзун кунед. Меҳмони чархи муфлис будан аз инсоф нест, Бе фузулӣ нестам, з-ин хонаам берун кунед. Дар шаҳидони вафо то обрӯ пайдо кунам, Хун надорам, андаке рахти маро гулгун кунед. Дӯш дар маҳфил ба ранги рафта шамъе мегирист, Қадрдонон, ёди Бедил ҳам ба ин қонун кунед.